Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Порис мулоқоти ҷонибҳои афғон оғоз меёбад


Интизор меравад, ки имрӯз дар Порис мақомоти Афғонистон, намояндагони Толибон ва гурӯҳҳову ташаккулҳои дигари ин кишвар мулоқоти худро оғоз кунанд. Ҷои баргузории ин мулоқотро ифшо накардаанд ва он махфӣ боқӣ мемонад.

Мулоқоти рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа, ки онро як ниҳоди таҳлилии Фаронса созмон додааст, наметавонад интизориҳоро дар бораи оғози музокироти сулҳ бароварда созад.

Бо вуҷуди ин Ваҳид Мужда-таҳлилгари умури Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин мулоқот метавонад роҳро барои оғози музокироти оянда ҳамвор созад.
XS
SM
MD
LG