Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон мегӯяд, кӯмакҳояшро ба Афғонистон идома медиҳад


Ёахим Гаук ва Ҳомид Карзай дар Кобул
Ёахим Гаук ва Ҳомид Карзай дар Кобул
Ёахим Гаук -раиси ҷумҳури Олмон Афғонистонро мутмаин сохт, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 низ Олмон кӯмакҳои худро ба Афғонистон идома хоҳад дод.

Вай ин нуктаро рӯзи сешанбе дар ҷараёни боздидаш аз Кобул дар як нишасти хабарии муштарак бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон изҳор дошт. Раиси ҷумҳури Олмон ҳамчунин хостори идомаи ислоҳоти бештар шуд ва гуфт демократизатсия бояд идома ёбад, ба вижа дар бахши таъмини баробарии ҳуқуқи мардону занон дар ҷомеа.

Ёахим Гаук бори аввал аз Афғонистон ба таври расмӣ боздид мекунад. Вай дар оғоз вориди шаҳри Мазори Шариф шуд ва аз пойгоҳи Олмон дар он ҷо боздид ба амал овард. Аз 4500 нафар низомиёни Олмон 2 000 нафари онҳо дар ин пойгоҳ ҷойгрианд.
XS
SM
MD
LG