Пайвандҳои дастрасӣ

Маълумот дар бораи обу ҳавои имрӯзи Тоҷикистон


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои каму беш боронӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд бориши кӯтоҳмуддати боронро пешбинӣ мекунанд. Рӯзона 3 дараҷа гарм, шабона 4 дараҷа сард хоҳад буд.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бориши борон дар назар аст. Ҳаво рӯзона 6 дараҷа, шабона 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ каму беш барф меборад. Ҳаво 4-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG