Пайвандҳои дастрасӣ

ИА маблағи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба кӯдакони паноҳҷӯ медиҳад


Рамзи Ҷоизаи Сулҳи Нобел барои ИА

Рамзи Ҷоизаи Сулҳи Нобел барои ИА

Иттиҳодияи Аврупо маблағи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои кӯмак ба 23 ҳазор нафар кӯдакони паноҳҷӯ сарф хоҳад кард. Рӯзи сешанбе Кумиссиюни Аврупо гуфт, ки ин маблағ аз 930 ҳазор евро то ба 2 миллион ево афзоиш дода мешавад ва ба он маблағи ҷоизаи Иттиҳодияи Аврупо низ дохил хоҳад шуд.

Ин маблағҳо барои кӯмак ба 4 ҳазор нафар кӯдакони паноҳҷӯи Сурия дар шимоли Ироқ, 5 ҳазор нафар кӯдакони беҷошудаи Колумбия, 11 ҳазор кӯдаки беҷошудаи Конго ва Эфиопия ва 3 ҳазор кӯдаки аз ҷангҳои шимоли Покистон осебдида сарф хоҳад шуд.
Ин тарҳҳоро баъзе аз созмонҳои муътабари байналмиллалӣ, аз қабили UNICEF ва UNHCR иҷро хоҳанд кард.

Иттиҳодияи Аврупо 10 декабр барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуда буд.
XS
SM
MD
LG