Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 7 соли ахир Туркия пас аз Русияву Чин ба муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Туркия байни ду кишвар 9 санади мушаххас ба имзо расид, ки бахше аз онҳо ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва бахши дигар равобити фарҳангиро ба танзим хоҳанд овард. Аз ҷумла ҳукуматҳои ду кишвар хостори ҳамкории наздиктар дар риштҳаҳои энержӣ, кишоварзӣ ва саноати маъдан шуданд. Бино ба санадҳои дигар табодули фарҳангӣ миёни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҷавонону варзиш, радио ва телевизион ва ғайра ба роҳ монда хоҳад шуд.

Густариши робитаҳо дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки тадриҷан, дар ҳафт охир Туркия пас аз Русияву Чин ба муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Майсара Камолова, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, равобити ду кишвар дар чанд соли охир аҳамияти Туркияро барои Тоҷикистон ба маротиб боло бурд: «Ҳоло Туркия шарики асосии Тоҷикистон оид ба содирот аст. Аз он хотир, ки содироти мо асосан тариқи Туркия сурат мегирад. Маблағи содироти мо аз воридот ба маротиб зиёд аст. Ин кишвар умдатарин воридкунандаи ашёи хоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.»

Бино бар иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳоло Тоҷикистон 35 дарсади нахи пахта, 70 дарсади алюминии аввалия, 90 дарсади пӯсташро, ки 34, 5 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил мекунанд, ба Туркия мефурӯшад. Гардиши мол байни ду кшвар дар даҳ моҳи соли равон 469 миллион долларро ташкил дод, ки аз ин 380,4 миллион ҳиссаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз Туркия умдатан гӯшти мурғу гов, меваҳои ситрусӣ, молҳои нассоҷӣ, таҷҳизоти фаннӣ, маводи шустушӯиву пластикӣ ва металҳои сиёҳ ворид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар то охири солро 600 миллион доллар тахмин мезананд, ки ин рақам дар қиёс бо 10 сол пеш се баробар зиёд аст. Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 55 корхонаву муассисаи муштарак бо сармояи Туркия мечарханд, ки умдатан бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман мухобироту саноати сабукро дарбар мегиранд.

Туркия аз аввалин кишварҳоест, ки бадоҳатан пас аз ба истиқлол расидан дар соли 1991 Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, моҳи январи соли 1992 онро расман шинохтааст. Ин кишвар дар оғози истиқлолият яке аз бозингарони калидӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд, ки дар қатори кишварҳои туркзабон дар Тоҷикистони форсзабон низ ҷои пой мустаҳкам мекард. Аммо сиёатҳои он ба гунае ҷараён ёфтанд, ки натавонист, ҳатто дар кишварҳои туркзабон ҷойгоҳи устувор пайдо кунад.

Коршиноси равобити байнулмилалӣ Рашид Ғанӣ Абдулло, мегӯяд, шояд ба ин сабабҳукумати Туркия аз таъкид сари муштаракоти забонӣ ва қавмӣ дар Осиёи марказӣ даст кашид ва ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бартарӣ дод. Вай афзуд, ҳоло ҳукумати Туркия прагматик аст, ба мисли қудратҳо сармояро ба хотири сиёсат намегузорад, балки мехоҳад аз он суд бардорад: «Акнун таваҷҷуҳи туркҳо аз Аврупо ба Шарқ бештар шудааст. Давлат ҳам бо омадани ҳукумати нави исломгаро аз лиҳози иқтисодӣ хеле қавӣ шуд ва ҳоло дар ҷаҳон дар ҷои 15-ум аст. Иқтисодаш ҳамаҷониба аст. Аммо заъфи ҳамкориҳо дар ин аст, ки фақат рӯи онҳо ҳангоми боздидҳои сарварони кишварҳо таъкид мешавад. Ҷамъ мешаванд, ваъда медиҳанду мегиранд, корро шурӯъ мекунанд, аммо поёнтарҳо бояд давутоз кунанд ва равобитро густариш диҳанд.»

Аммо иддае дигар аз коршиносон ҳам ишора мекунанд, ки ҳукумати нави Туркия ба нерӯҳои муъдтаили исломӣ дар Осиёи Марказӣ бетаваҷҷуҳ нест ва танҳо ба хотири халалдор накардани рушди табиии равобиташ бо Тоҷикистон аз гирифтани иқдомҳои бузурги сиёсӣ худдорӣ мекунад. Аз сӯи дигар, ба ақидаи онҳо, Туркия сиёсати хориҷияшро бештар рӯйи Ховари Миёна тамаркуз додааст ва зоҳиран ба тақвияти ҷойгоҳаш дар Осиёи Марказӣ талоши зиёд нишон намедиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG