Пайвандҳои дастрасӣ

Эмгузаронӣ дар Покистон боиси қатли 5 табиб шуд


Дар Покистон тайи ду рӯз афроди мусаллаҳи ношинос панҷ нафареро ҳадафи тир қарор доданд, ки ба эмгузаронӣ аз полиомиелит машғул буданд. Ба иттилои расмӣ, онҳо дар вилояти Синд ва як мард дар Пешовар кушта шуданд.

Мақомоти Покистон баъд аз ин кушторҳо тасмим гирифтанд, ки маъракаи эмгузарониро мутаваққиф кунанд.

Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯшш нагирифтааст, аммо қаблан толибон ба табибоне, ки дар эмгузаронӣ ширкат доранд, таҳдиди куштан карда буданд.
XS
SM
MD
LG