Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон ҳунарманди маъруф Зоҳир Ормонӣ кушта шуд


Мақомоти вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, хабар доданд, ки ҷасади ҳунарманд ва коргардони синамо Зоҳир Ормониро пайдо кардаанд. Ормонӣ ҳафтаи гузашта аз сӯи афроди ношинос рабуда шуда буд.

Неъматуло, раиси волусволии Беҳсуд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Ормонӣ дар дохили як халта гузошта шуда буд. Ӯ афзуд, ки ҳунарманди шинохта бар асари зарбаҳо аз корд фавтидааст.

Зоҳир Ормонӣ аз афроди маъруфи Афғонистон буд ва дар беш аз 20 филми ҳунарӣ нақшҳои асосиро бозидааст.

Масъулияти куштори Ормониро ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG