Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идрисов: Мавзӯи Байконур ғалат ташреҳ шудааст


Вазири умури хориҷии Қазоқистон изҳор намуд, ки расонаҳои хабарӣ гуфтаҳои раиси “Казкосмос” Талъат Мӯсобоев дар бораи имкони аз зери назорати Русия берун кардани бархе аз муассисаҳои пойгоҳи кайҳонии Байконурро нодуруст ташреҳ кардаанд.

Ба гуфтаи Ерлан Идрисов, ҳама шарҳҳо ба ин маънӣ буданд, ки Қазоқистон ҳамкориҳо бо Русия дар бахши кайҳоннавардиро қатъ мекунад. “Ин комилан нодуруст аст, раиси “Казкосмос” гуфта буд, ки Қазоқистон мехоҳад фаъолияти худро дар Байконур густариш диҳад, аммо на бо вуруди зиён ба манфиатҳои Русия, балки тавассути ҳамкорӣ бо ин кишвар”, афзуд Ерлан Идрисов.

Вазири умури хориҷии Қазоқистон гуфтааст, рӯзи 19 декабр дар чаҳорчӯби нишастҳои Cозмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои АвруОсиё ва минтақаи ягонаи иқтисодӣ дар Маскав мулоқоти дуҷонибаи Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад, ки дар он, аз ҷумла, тарҳҳои муштарак дар бахши кайҳоннавардӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Аз ин пеш Талъат Мӯсобоев гуфта буд, ки Остона бо Маскав дар мавриди ба тадриҷ аз иҷораи пойгоҳи Байконур даст бардоштани Русия ва зери назорати Қазоқистон қарор додани шаҳри Байконур гуфтушунид мекунад.
XS
SM
MD
LG