Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти Шералӣ Достиев дар бокси ҳирфаӣ


Муштзани маъруфи тоҷик Шералӣ Достиев дар набарди бокси ҳирфаӣ аз рақибаш Мамед Ёдгорови украинӣ шикаст хӯрд.

Мусобиқаи муштзанҳои ҳирфаӣ, ки ташкилкунандаи он ширкати промоутерии бародарон Кличкоҳо «K2 Promotions» буд, дар шаҳри Черкасси Украина баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа Шералӣ Достиев дар вазни то 55,8 кг бо Мамед Ёдгоров қувваозмоӣ кард. Шералӣ, ки ду соли ахир ба ринг набаромада буд ва бори аввал дар сабқати 8-раунда ширкат дошт, ба рақиби худ муқобилияти сахт нишон дод.

Баъди анҷоми қувваозмоӣ як довар Шералӣ Достиевро бо ҳисоби 77:75 ғолиб донист, вале ду нафари дигар Мамед Ёдгоровро бо ҳисобҳои 77:75; 77:76 ғолиб донистанд.

Мамед Ёдгорови 28-сола дар бокси ҳирфаӣ ҳамагӣ 24 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 17-тоаш пирӯз шудааст, 6 қувваозмоиро бохтааст ва яктоаш бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтааст.

Шералӣ Достиеви 27-сола, ки аз соли 2009-ум дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад, барои аввалин бор шикаст хӯрд. Вай ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ анҷом додааст ва дар ҳаштоаш пирӯз гашта, яктоашро мусовӣ кардааст ва як қувваозмоиро бохтааст.
XS
SM
MD
LG