Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳрӯбҳои Маскав либоси солинавӣ ба бар мекунанд


Рӯзҳои ид ҳама раҳрӯбҳои Маскав либоси солинавӣ дар тан хоҳанд кард. Сергей Капков, раиси бахши фарҳанги шаҳрдории Маскав, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ бахшида ба омодагиҳои пойтахти Русия ба идҳои солинавӣ гуфт, ҳадаф аз либоси солинавӣ пӯшонидани раҳрӯбҳо болида кардани табъи шаҳрвандон аст.

Хабаргузории "Интерфакс" аз қабли Сергей Капков навиштааст, “ҳангоме, ки шаҳр даҳ рӯз ва аз он бештар фароғат мекунад, бори гарон бар дӯши бахши фарҳанг ва хадамоти коммуналӣ меафтад, дар бораи полису "ёрии таъҷилӣ" бошад, ҳоҷати гап нест”. Ва мақомот талош мекунанд, ки мардум фазои идонаро бештар эҳсос кунанд ва аз он ки ба беруни шаҳр нарафтаанд, ангушти надомат нагазанд, афзудааст мансабдори рус.

Ёдовар мешавем, бештари раҳрӯбҳои Маскав сокинони се кишвари Осиёи Марказӣ – Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG