Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон дар Тоҷикистон


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба муносибати 18-уми декабр, Рӯзи байналмиллалии муҳоҷирон як нишаст баргузор карда масъалаҳои марбут муҳоҷирати корӣ ба Русияро баррасӣ кардааст.

Абдулло Қодирӣ, сардори Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин нишаст Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон айни ҳол барои танзими ҷараёни муҳоҷирати корӣ чораҳои муҳимро амалӣ мекунад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Девонаев, Тоҷикистон тайи моҳҳои охир тарҳи чанд лоиҳаи созишномаро дар бахши муҳоҷират бо Украина, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ таҳия кардааст, ки дар ҳоли мувофиқа қарор доранд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират ҳамасола аз Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар барои дарёфти кор ва таъмини хонавода озими кишварҳои дигар мешаванд ва мунтазирианд, ки мақомоти маcъули давлатӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд айни ҳол дар кишвар бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бақайдгирии автоматикунонидашудаи муҳоҷирон мавриди санҷиш қарор дорад.

Чунин наҳваи бақайдгирӣ, оморҳои ҳаррӯза, даҳрӯза ва ҳармоҳаро бо назардошти фоизҳои рафтуомад, синну сол, давлат, самтҳои рафтуомад, иҷозатномадиҳӣ, рӯйхати кормандони назоратӣ, рӯйхати шаҳрвандони аз давлатҳои хориҷӣ ихроҷшудаи Тоҷикистон, рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳияҳо, насаби дар муҳоҷират фавтидагон, ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҶТ ва дигар иттилоотро фаро мегирад. Ба гуфтаи масъулини Хадамот ин иқдом имкон медиҳад, ки назорати ҷараёни муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон осонтар шавад.

Мутобиқи ҳисоботи Созмони байналмилалии муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион нафар расида ва тибқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050-ум ин шумора ду баробар зиёд гардида ба 405 миллион нафар мерасад.

Рӯзи 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуда, дар таърихи 4-уми декабри соли 2000-ум СММ 18-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ба расмият даровард.
XS
SM
MD
LG