Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори раҳоӣ аз бунбасти музокироти ҳастаӣ шуд


Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон мегӯяд, бояд роҳҳои рафъи мухолифатҳои миёни Теҳрон ва маҳофили байналмиллалӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон пайдо шавад.

Хабаргузории донишҷӯёни Эрон аз қавли Солеҳӣ навиштааст, ҷонибҳо ба хулосае расидаанд, ки бояд аз бунбаст хориҷ шаванд.

Солеҳӣ барои поён додан ба ин мушкил пешниҳоде матраҳ накардааст ва дар бораи замони азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо 6 кишвари абарқудрати ҷаҳон чизе нагуфтааст.

Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Амрико омода аст музокира бо Эронро аз сар бигирад, агар Эрон ба музокира бархӯрди ҷиддӣ нишон диҳад.
XS
SM
MD
LG