Пайвандҳои дастрасӣ

Ақидаи Кохи Сафед барои пешгирӣ аз тарандозиҳои хушунатбор


Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз куштор дар тирандозиҳо пешниҳоди “хосе” надорад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ дар маросими сӯгвории қурбониёни тирандозии рӯзи ҷумъа дар як мактаби Ниютавни Коннектикут гуфт, вай аз салоҳиятҳои дафтари худ истифода хоҳад бурд, то чунин кушторҳо камтар рух диҳад.

Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, мубориза бо хушанатҳо бо истифода аз аслиҳа мушкилотест, ки ҳали ҳамаҷонибаро мехоҳад ва танҳо қонуну қонунгузории бештар дар бораи аслиҳа кофӣ нест.

Рӯзи ҷумъа дар тирандозии мактаби Ниютавн 20 кӯдак ва 6 корманди мактаб ба ҳалокат расиданд.

Ҳоло баъд аз ин куштор ҳукумати Обама ва раиси аёлати Коннектикут мехоҳанд, ки қонунҳои назорат бар аслиҳаи шаҳрвандонро шадидтар кунанд.
XS
SM
MD
LG