Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то андозае боронӣ хоҳад буд. Дар баландкӯҳҳо барф меборад.

Ҳарорати ҳаво дар Душанбе ба сифр баробар мешавад. Барфи тар ба борон табдил меёбад.

Дар Хуҷанд борон меборад. Ҳаво рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш дар нимаи аввали рӯз каме борон меборад, сипас офтоб мешавад. Ҳаво 3 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар минтақаи Кӯлоб низ бориши борон пешбинӣ шудааст. Шомгоҳон борон қатъ мешавад. Рӯзона ҳаво 3 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Хоруғ барф меборад. Ҳаво то 9 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG