Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон қариб 3 % барқи худро ба Афғонистон мефурӯшад


Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтааст, барқе, ки Тоҷикистон ба Афғонистон медиҳад, тақрибан 3 дарсади барқеро ташкил медиҳад, ки ниругоҳҳои ин кишвар тавлид мекунанд.
Сухангӯи “Барқи Тоҷик” ба матбуот гуфтааст, ки ин се дарсад ба таъмини аҳолӣ ва иқтисоди Тоҷикистон бо барқ асар намегузорад.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон гуфтааст, ки аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2012 судури барқ ба хориҷ нисбат ба як соли пеш 5,2 баробар афзоиш ёфтааст ва он тақрибан 19 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳар киловат соат барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ба арзиши 3,57 сент фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи “Барқи Тоҷик”, аслан он дар мавсими тобистон ба Афғонистон фурӯхта мешавад, вақте, ки об зиёд аст ва ниругоҳҳо барқи изофӣ тавлид мекунанд.
XS
SM
MD
LG