Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалби Ҳавел дар пештоқи порламони Аврупо ба таппиш даромад


Қалби рамзии Васлав Ҳавел
Қалби рамзии Васлав Ҳавел
Шоми рӯзи душанбе дар пештоқи бинои порламони Аврупо дар Бруссел як қалби бузург ва сурхи неонӣ ба таппиш даромад. Ин қалби рамзии Васлав Ҳавел-раиси ҷумҳури пешини Чех аст, ки дуруст як соли пеш 18 декабр дар Прага даргузашт.

Ин қалби рамзии неонӣ ба муносибати солгарди даргузашти вай гузошта шуд ва он то поёни моҳи январ дар он ҷо хоҳад буд.

Аслан ин қалб дар поёни даври дуввуми раёсати ҷумҳурии Ҳавел моҳи декабри соли 2002 дар калисои Прага ба ифтихори вай гузошта шуда буд.

Васлав Ҳавел дромнависи фирорӣ барои сарнагун сохтани режими куммунистӣ дар Чехословакия дар охири солҳои 1980-ӯм нақши амалӣ бозида буд. Вай 18 декабри соли 2011 дар синни 75-солагӣ аз беморӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG