Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия се шаҳрванди хориҷиро рабудаанд


Дар Сурия як шаҳрванди Италия ва ду хориҷии дигар рабуда шудаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Италия ин одамрубоиро таъйид кард, вале нагуфт, ки он кай ва дар куҷо иттифоқ афтодааст.

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Италия, ин се мард кормандони як корхонаи оҳангудозии Сурия дар шаҳри Латакияи соҳили баҳри Миёназамин будаанд.

Хабаргузории ANSA-и Италия навиштааст, шаҳрванди Италия муҳандис будааст ва дар наздикии шаҳри бандарии Тартус рабуда шудааст.

Сухангӯи сафоратхонаи Русия дар Димишқ гуфтааст, ки онҳо гузориши матбуоти Италияро санҷида истодаанд, то дақиқ кунанд, ки ду нафари дигари рабудашуда шаҳрвандони Русия набошанд.
XS
SM
MD
LG