Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ниютавн дафни мактаббачаҳои қурбоншуда оғоз шудааст


Дар маросими Ниютавни Амрико

Дар маросими Ниютавни Амрико

Дар Ниютавни Амрико хонаводаҳо ба дафни баъзе аз қурбониёни тирандозии рӯзи ҷумъа шуруъ кардаанд. Дар ин тирандозӣ 20 кӯдак ва 6 корманди мактаб кушта шуданд. Рӯзи душанбе маросими дафни ду кӯдаки 6-сола дар назар гирифта шудааст.

Рӯзи якшанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар маросими сӯгворӣ дар Ниютавни Коннектикут дуои хайри ҳамаи мардуми Амрикоро ба хонаводаҳои азодор расонд.
Обама изҳор дошт, Амрико бояд тадбирҳои бештар биандешад, то дар оянда аз чунин кушторҳо пешгирӣ ба амал ояд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе гузориш расид, ки дар шаҳраки Риҷфилд шахси шубҳабарангез пайдо шудааст. Баъд аз ин гузориш ҳамаи мактабҳои маҳалро бастанд.
Аммо пулис таъйид кард, ки тирандозии рӯзи ҷумъаро дар мактаби Ниютавн Адам Ланзаи 20-сола анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG