Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакон: "Падарҳоро намедидем бас набуд, ки модарҳо ҳам муҳоҷир шуданд"


Акс аз як филм дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гирифта шудааст.
Акс аз як филм дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гирифта шудааст.

Шамсия Шоимардонова 60 сол дорад ва як сол мешавад, ки зиндагии орому осударо аз даст додааст.

Шамсия Шоимардонова мегӯяд, вақте духтари ягонааш тасмим гирифт, барои кор Русия равад ва хоҳиш кард, ки модар чаҳор фарзандашро зери бол бигирад, ӯ натавонист хоҳиши духтарашро рад кунад. Инак, як сол мешавад, ки Шамсия Шоимардонова мисли 30-40 соли пеш ғизо мепазад, хамир мекунад, либос мешӯяд ва сару рӯи набераҳояшро ба тартиб меорад.

Ӯ аз он ки натавонист ба духтараш "не" бигӯяд, каме пушаймон низ ҳаст ва мегӯяд, интизор надошт, ки заҳмати "наберапоӣ" ин қадар миёншикан мешавад. Ӯ мегӯяд, "ҳар се набераҳоям дар синни гузаришанд. Бо ҳар яке аз онҳо забон ёфтан кори осон нест. Набераи калониам додараки хурдиашро нигоҳубин мекунад, ӯ ҳамагӣ ду сол дорад. Кӯдак касал мешавад. Албатта, барои ман душвор аст. Як поям дар кору пои дигарам дар хона. Нисфирӯзӣ меравам, барояшон хӯрок тайёр мекунам, боз меоям кор. Баъд аз кор хона рафта, боз хӯрок тайёр мекунам, либосҳояшонро мешӯям, хонаҳоро рӯбучин мекунам. Синну солам рафтааст, барои ҳамин бештар на аз ҷиҳати молиявӣ, балки аз ҷиҳати маишӣ мушкилӣ мекашам."

Хонум Шамсия сокини шаҳри Турсунзода ва муаллимаи яке аз марказҳои эҷодии кӯдакон аст. Азбаски ӯ бо кӯдакон сару кор дорад, гумон дошт, ки таҷрибаи солҳо андӯхтааш барои тарбияи набераҳояш судманд хоҳад буд. Аммо акнун дарк кардааст, ки ҷойи падару модарро на бибӣ мегираду на бобо. Ӯ мегӯяд, "бачаҳо зуд-зуд волидайни худро ёд мекунанд, ҳолати равониашон тағйир меёбад, гиря мекунанд. Инро дида ман низ ба хонаи хоби худ медарояму пинҳонӣ аз онҳо мегирям."

Дар Тоҷикистон бо афзоиш ёфтани шумораи муҳоҷирони корӣ, теъдоди ҳамтақдирони Шамсия Шоимардонова низ зиёд мешавад. Синни холаи Маъмурбӣ, сокини шаҳри Қурғонтеппа, аз 70 гузаштааст, аммо ҳоло тарбияи ҳафт наберааш бар дӯши ӯст. Холаи Маъмурбӣ мегӯяд, набераи калониаш 14-сола ва хурдӣ 4-сола аст. Инҳо бачаҳои се фарзанди муҳоҷири холаи Маъмурбианд. "То дами имкон ҳаракат мекунем, бо меҳрубонӣ, ҷояш мешавад, ки ба зурӣ ҳам. Мегӯям, бачаҷон, ба ин роҳҳо наравед. Бо вуҷуди ин, бе мардак мушкил аст фарзандро тарбия додан. Ҳозир тағоҳошона гӯш мекунанд, сад бор шукр",-мегӯяд холаи Маъмурбӣ

Муҳоҷирати густардаи меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар дар солҳои 2007 шуруъ шуд ва акнун ба як насли хурду бузург ба як касаба табдил шудааст. Агар солҳои аввал танҳо мардҳо ба муҳоҷирати корӣ мерафтанд ва бачаҳо ҳадди ақал чеҳраи модарро ба серӣ медиданд, акнун модарҳо низ ба ин артиши беш аз якуним миллоннафарӣ гаравидаанд. Муҳоҷирон дар пешбурди зиндагии оилаҳои худ дар Тоҷикистон нақши умда доранд ва солона то 3 миллиард долларо ба кишвар ворид мекунанд.

Бахши умдаи занҳои мардикор дар Русия ба харидуфурӯш дар бозор, кор дар фурӯшгоҳҳои бузург, ҷорӯбкашию хизматгорӣ ва хайётӣ машғуланд. Онҳо маъмулан фарзандони худро модару хоҳар вогузор мекунанд ва аз он ба баъд миссияи худро танҳо дар таъмини молии бачаҳо мебинанд. Аксари ҷомеашиносон мегӯянд, дӯстдориву муҳаббат ва тарбияи волидон бузург шудани бачаҳо онҳоро ба чолишҳои равонӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Нигора 10 сол дорад ва дар тамоми умр соле як бор ба дидори падару бародар мерасад. Як моҳ пеш модараш низ ба Русия рафт ва ӯ ҳоло бо хоҳари бузургаш танҳо мондаанд. "Падарамро намедонам дар онҷо чи кор мекунанд. Вале модарам дар корхонаи дӯзандагӣ кор мекунанд. Бародарам бошад, усто аст, мизу курсӣ месозад. Модарам як моҳ шуд, рафтагишона, лекин бародару падарам чанд сол аст, ки рафтаанд. Ҳар рӯз занг мезананду боз ёд мекунам онҳоро. Очам гуфтанд, ки агар хона харем, ҳамаатонро мебарам",-мегӯяд Нигора.

Ҷомеашиносон фоидаи муҳоҷирати корӣ дар шароити иқтисоди заифи Тоҷикистонро эътироф мекунанд, аммо ҳамзамон ба нақши муҳими падару модар дар тарбияи бачаҳо таъкид мекунанд. Файзалӣ Шукур, устоди риштаи ҷомеашиносӣ дар Донишкадаи металлургии шаҳри Турсунзода, мегӯяд, "нафароне, ки фарзандонро инҷо гузошта ба таври оилавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, хатои ҷиддӣ мекунанд. Аз фарзанде, ки дур аз назорати доимии волидайн бузург мешавад, хубие умедвор шудан мушкил аст. Кӯдакон мисли химчаи тар ҳастанд, ҳар тараф тоб диҳӣ, ҳамон тараф тоб мехурад. Аксарияти чунин фарзандон таҳсили хуб надоранд ва аз ояндаи хуб ҳам маҳрум мемонанд."
XS
SM
MD
LG