Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мина дар Нангарҳор ҷони даҳ духтарро рабуд


Мансабдорони вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, аз ҳалокати даҳ духтар бар асари таркиш хабар доданд.

Хабаргузориҳои AFP ва Associated Press аз қавли раиси волусволии Чапарҳар Муҳаммад Сиддиқи Давлатзай навиштаанд, таркиш дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки духтарон ба ҷамъоварии ҳезум машғул буданд.

"Духтарон ҳезум ҷамъ мекарданд. Вақте табари яке аз онҳо ба замин бархӯрд, таркиш ба амал омад",-гуфтааст мансабдори афғон.

Бар пояи хабарҳо, синни духтарон аз 9 то 13 сола буд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст ва муфаттишон аз ҷумла ба суоле посух меҷӯянд, ки духтаракони хурдсол бар асари минаи қаблан гузошта ба ҳалокат расидаанд ё бар асари минаи идорашаванда.

Ҳодисаҳои бар асари таркиши минаҳо ба ҳалокат расидани мардум дар Афғонистон зиёд рӯй медиҳад. Як моҳ пеш дар вилояти Хуст, воқеъ дар марзи Покистон, шаш узви як хонавода, аз ҷумла, зан ва як тифли навзод, бар асари ҳамин гуна таркиш кушта шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, таркиш дар ҳоле рӯй дод, ки аҳли хонавода баъд аз таваллуди тифл аз бемористон ба манзил бармегашт.

Ҳалокати 10 духтари ҷавон дар таркиши Нангарҳор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00


Аз Афғонистон ҳамчунин хабар расид, ки рӯзи душанбе бар асари таркиш дар наздикиҳои бинои як ширкати сохтмонии хориҷӣ, воқеъ дар канори Кобул, дасти кам 1 нафар кушта ва 15 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Таркиш дар шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод, ки дар канори он чанд пойгоҳи низомии НАТО ва намояндагиҳои ширкатҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд, ба амал омадааст. Муҳаммад Довуд Амин, муовини раиси полиси Кобул, ба хабарнигорон гуфт, ки бар асари таркиш дар девори бинои ширкати хориҷӣ рахнаи бузурге пайдо шудааст. Раиси полиси Кобул Аюби Солангӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки афроди ношинос маводи таркандаро дар дохили як мошин боркаш ҷой дода буданд. Ба гуфтаи ӯ, бомб қаблан ҷойгузорӣ шуда буд, аз ин рӯ фарзияи ҳамлаи маргталаб тасдиқ намешавад.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, ҳарчанд, таври маъмул, мақомоти Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” мекунанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар Порис, пойтахти Фаронса, машваратҳои серӯза оид ба фардои Афғонистон бо ширкати намояндагони ҳукумати Афғонистон, ҷунбиши “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои афғон ифтитоҳ шавад. Баргузории нишаст -ибтикори Бунёди пажуҳишҳои стратегии мустақар дар Порис аст, ки қаблан ду бор конфаронс оид ба Афғонистонро доир карда буд. Гуфта мешавад, ки ин нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва Толибон хоҳад буд. Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ки намояндагони кишвараш дар ин гуфтугузор ширкат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG