Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати маорифи Тоҷикистон иддаои раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлонро оиди маҳдудсозиҳои фаъолияти синфхонаҳои узбакӣ беасос хонд.

Маҳмуд Шоев, сардори Дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба маҳдудсозиҳои синфхонаҳои узбакӣ даст нахоҳад зад. Шоев бо такя ба тадқиқоти гузарондаи вазорати маориф изҳор медорад, ки волидони мактаббачаҳои узбак бо хоҳиши худ фарзандонашонро ба синфхонаҳои тоҷикӣ мегузаронанд ва шумораи талабаҳои бахши узбакӣ то ҳадде коҳиш ёфтааст, ки дигар барои фаъол будани як синфхона имкон намондааст. Ин масъули вазорати маориф таъкид намуд, ки дар сурати дарёфти теъдоди зарурии талабаҳо ҳеҷгоҳ синфхонаи узбекӣ, қирғизӣ ва ё дигар халқиятҳо баста намешаванд.

Салимҷон Шамсиддинов

Салимҷон Шамсиддинов

Ин дар ҳолест, ки Салимҷон Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакҳо дар вилояти Хатлон, рӯзи 17-уми декабар, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон дар мактаби 25-уми ноҳияи Ҷаллолиддини Румӣ иҷозати фаъолияти ақаллан як синфхонаи узбакиро намедиҳад ва узбакбачаҳоро аз имкони таҳсил бо забони модарии худ маҳрум мекунад.

Ҷаноби Шамсиддинов ҳамчунин афзуд, ки дар ноҳияи Ҷомӣ, дар мактаби рақами 59-ум низ фаъолияти синфхонаи узбакӣ қатъ шудааст. Ба қавли Салимҷон Шамсиддинов, дар аксари мактабҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Вахш ва Данғара, мақомоти тоҷик фаъолияти синфхонаҳои узбакиро маҳдуд мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шамсиддинов, дар мактабҳои Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 320 ҳазор талабаи узбактабор таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG