Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти қирғизҳо аз фасодкории мақомоти тоҷик


Бунёди ҷамъиятии «Прогрес» аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват кардааст, ки алайҳи фасодкориҳои маъмурони роҳ ва гумруки Тоҷикистон изҳорот диҳад.

Одил Турдиқулов, раҳбари Бунёди «Прогрес», имрӯз, 17-уми декабр, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек изҳор доштааст, ки ронандагони қирғиз, ки ба интиқоли бори Пентагон машғуланд, аз фасодкориҳои маъмурони гумруку нозирони роҳ дар Тоҷикистон нигаронанд.

Ба гуфтаи Турдиқулов агар то соли 2010 нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳар гоҳи манъ кардани мошин 200 сом (муодили 20 сомонӣ) талаб мекарданд, ҳозир ин нишондод 1000 сом (100 сомонӣ) -ро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Турдиқулов ҳолатҳои манъ кардани мошинҳои Қирғизистон, ки ҳомили бори Пентагонанд дар Тоҷикистон таи 2 соли охир қариб 10 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Турдиқулов, дар Қирғизистон ба ҳамлу нақли бори Пентагон ҳудуди 15 ширкат машғуланд ва барои интиқоли як контейнер Пентагон 20 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекунад. Аз ин миқдор ба дасти ронанда ҳамагӣ 2 ҳазор доллари амрикоӣ мерасад. Тавассути ҳудуди Қирғизистон ҳар моҳ 500 мошин бо борҳои Пентагон мегузаранд.
XS
SM
MD
LG