Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мусулмонҳо ва талаби масоҷиди нав дар Русия


Намози Иди Фитр дар яке аз масоҷиди пойтахти Русия. Акс аз бойгонӣ.
Намози Иди Фитр дар яке аз масоҷиди пойтахти Русия. Акс аз бойгонӣ.

Маркази тадқиқоти сотсиологии «Левада-Сентр» мегӯяд, тайи ду соли охир дар Русия теъдоди мусулмонҳо 3 дарсад афзоиш ёфта, шумораи масеҳиёни православ 6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Тибқи ин пажӯҳиш, айни ҳол 74 дарсади шаҳрвандони Русия худро масеҳиёни православ, 7 дарсад мусулмон ва 1 дарсадӣ худро католик, протестант ва яҳуд муаррифӣ кардаанд. Сар аз соли 2009-ум то кунун теъдоди онҳое, ки худро пайрави ягон дин намеҳисобанд, аз 8 то 10 дарсад афзоиш ёфта, шумораи атеистҳо аз 6 то 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол Людмила Алексеева, ҳомии ҳуқуқи башари Русия, изҳор доштааст, ки дар Маскав бояд масҷидҳои нав бунёд карда шаванд, чун теъдоди мусалмонҳо дар пойтахти Русия зиёд аст ва масҷидҳои бунёдшуда барои намозгузории онҳо кофӣ нестанд.

Имрӯз, 17-уми декабр, нашрияи «Известия» навиштааст, ки шаҳрдории Маскав омодааст, ки барои бунёди масоҷид дар се минтақаи шаҳр – Бутовои ҷанубӣ, Люблино ва канори метрои «Шоссе энтузиастов» қитъаҳои замин ҷудо кунад.

Равил Ғайнуддин
Равил Ғайнуддин
Раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, раиси Идораи мусалмонҳои бахши аврупоии Русия, Равил Ғайнуддин ба нашрия гуфтааст, дар ин қитъаҳо, биноҳои дигари барои ҷамъияти мусалмонҳо зарурӣ ҳам сохта хоҳанд шуд. Ӯ афзудааст, ки дар Люблино аллакай Донишгоҳи исломӣ фаъолият мекунад, дар минтақаи «Шоссе энтузиастов» Маркази фарҳангии исломӣ бунёд мешавад.

Як мақом дар ҳукумати Маскав ин хабарро таъйид карда гуфтааст, ки акнун ин мавзӯъ бо сокинони маҳаллӣ ва префектураҳои маҳаллӣ баррасӣ хоҳад шуд.

«Известия» навиштааст, ки айни ҳол дар Маскав шаш масҷид фаъолият мекунанд – Масҷиди ҷомеъ дар Проспект Мира, Масҷиди таърихӣ дар дохили собиқ Слободаи тоторҳо дар соҳили рудхонаи Маскав, масҷиди Боғи Ғалаба, масҷиди сунниҳо «Ярдям» ва масҷиди шиаҳо «Инъом» дар маҷмааи мазҳабии минтақаи Отрадное ва масҷиди шиаҳо дар сафорати Эрон дар Русия.

Ба гуфтаи Равил Ғайнуддин, дар Маскав дасти кам якуним миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд ва бояд ҳадди аққал барои ҳар 150 ҳазор мусалмон як масҷиде сохта шавад, ки дар он якуним ҳазор нафар тавонанд намоз гузоранд.
XS
SM
MD
LG