Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркманбошӣ 7 қазоқро равонаи зиндон кард


Сафорати Қазоқистон дар Ишқобод рӯзи душанбе тайид кард, ки додгоҳи шаҳри Туркманбошӣ ҳафт сокини Қазоқистонро бо иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Туркманистон ба мӯҳлати 7-солӣ маҳкум ба зиндон намуд.

Шаҳрвандони мусаллаҳи Қазоқистон 19 октябри соли равон боздошт шуданд. Чаҳор нафари онҳо – кормандони полиси муҳоҷирати Қазоқистон ва се каси дигар – шикорчиянд.

Идораи полиси муҳоҷирати вилояти Мангистау тайид намуд, ки чаҳор кормандашро барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва боздошти чанд ҷиноятпешаи мавриди ҷустуҷӯ ба ноҳияи марзии Каракиян фиристодааст. Аммо чӣ гуна кормандони полис ҳамроҳ бо шикорчиён ба қаламрави Туркманистон ворид шуданд, маълум нест. Баъдан тахмин зада шуд, ки онҳо шояд роҳгум задаанд.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон хабар дод, ки афроди боздоштшуда бо худ силоҳи оташфишону тир ва корд доштанд.
XS
SM
MD
LG