Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ як иштирокчии ҳодисаҳои Камаробро маҳкум кард


Додгоҳи Қӯрғонтеппа сокини 22-солаи ин шаҳр Саймуъмин Шоевро барои “бидуни иҷоза ворид шудан ба манзили каси дигар” шартан як сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Қозии парванда, Дурандеш Иброҳимов, рӯзи душанбеи 17-уми декабр гуфт, дар тӯли як соли оянда Саймуъмин Шоев наметавонад бе иҷозаи мақомот аз маҳалли иқоматаш берун равад.

Ҷаноби Иброҳимов дар шарҳи ин ҳукм гуфт, додгоҳ аввал Саймуъмин Шоевро аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Вале, ба гуфтаи ӯ, ба далели ин ки Шоев соли 2010 дар ҳодисаҳои Камароб (Рашт) иштирок кардаву дар амалиёти маҳви гурӯҳҳои ифротгаро нақш доштааст, ин ҳукми ӯро ба як соли маҳрумият аз озодӣ табдил додаанд.

Қозии парванда гуфт, Саймуъмин Шоев тобистони соли ҷорӣ бе иҷоза вориди манзили Холназар Қодиров, собиқ афсари Вазорати умури дохилӣ, шуда, “аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ, беасос дувумиро дашноми қабеҳ дода, мавриди лату кӯб қарор додааст.” Додгоҳ мегӯяд, Шоев бо ин кори худ оромии сокинонро “дағалона вайрон кардааст”.

Саймуъмин Шоев, яке аз се сарбози хатлонист, ки дар ҳодисаҳои Камароб ва амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт иштирок кардаву ҷон ба саломат бурдааст. Ҳодисаи хунини Камароб моҳи сентябри соли 2010 иттифоқ уфтод, ки дар бар асари он 28 сарбозу афсари Вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти расмӣ масъулияти ҳамла ба корвони сарбозону афсарони Вазорати дифоъро кори дасти Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва гурӯҳи онҳо донист, ки баъдан худи онҳо дар пайи амалиёти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG