Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибҳои афғон дар Фаронса вомехӯранд


 Лоран Фабиус-вазири корҳои хориҷии Фаронса
Лоран Фабиус-вазири корҳои хориҷии Фаронса
Тибқи гузоришҳои расида ҳафтаи равон дар Фаронса мансабдорони афғон, намояндагони Толибон ва дигар гурӯҳҳои сиёсии афғон ояндаи Афғонистонро баҳс мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Фаронса Лоран Фабиус мегӯяд, ки президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай баргузории чунин музокиротро тасдиқ кардааст. Мулоқот, ки бо ташаббуси Бунёди пажӯҳишҳои стратегии мустақар дар Париж ташкил шудааст, рӯзи чоршанбе оғоз ёфта, се рӯз идома мекунад. Бунёд то ин замон ду мулоқоти гурӯҳҳои афғонро ташкил кардааст. Аввалин бор дар чунин мулоқот гурӯҳи Толибон, намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва симоҳои шинохтаи Эътилофи Шимол ширкат меварзад. Сухангӯи Толибон мегӯяд, дар ин нишаст фақат паёмҳои ҷонибҳо садо медиҳанду музокироти сулҳ барпо нахоҳад шуд. Фабиус мегӯяд, Фаронса дар музокирот дахолати мустақим надорад ва танҳо мизбонии онро бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG