Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нороҳатии Эрон аз тақдими ҷоизаи Сахаров


 Маросими тақдими ҷоизаи ба номаи Сахаров
Маросими тақдими ҷоизаи ба номаи Сахаров
Эрон ба хотири тақдими ҷоизаи ҳуқуқи башар ба ду дигарандеши эронӣ парламенти Аврупоро танқид кардааст. Моҳи октябр парламенти Аврупо эълон кард, ки ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров дар соли 2012-умро ба ҳомии ҳуқуқи башар Насрин Сутуда ва коргардон Ҷаъфар Паноҳӣ тақдим мекунад, Парламенти Аврупо ҷуръати онҳо дар ҳимояи ҳуқуқи башар дар шароити таъқиб аз сӯи режими эрониро қадрдонӣ кардааст. Рӯзи якшанбе сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон Ромин Меҳмонпараст гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо бо тақдими ин ҷоиза ҳадафҳои сиёсии худро пиёда мекунад. Мемонпараст Иттиҳодияи Аврупоро бо назари интихобӣ дар масъалаи ҳуқуқи башар муттаҳам карда, афзуд, ки н соӯмон бояд дар фикри ҳалли камбудиҳояш бошад. Хонуми Сутуда бо ҷурми тарғибот ва амали зидди амнияти миллӣ ба муддати шаш сол зиндонӣ шудааст. Паноҳӣ бошад, аз моҳи декабри соли 2010-ум бо ҷурми тарғиботи зиддиҳукуматӣ дар ҳабси хонагӣ аст.
XS
SM
MD
LG