Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав се масҷиди нав бунёд хоҳад шуд


Масҷиди таърихӣ дар Маскав
Масҷиди таърихӣ дар Маскав
Людмила Алексеева, ҳомии ҳуқуқи башари Русия, изҳор намуд, ки дар Маскав бояд масҷидҳои нав бунёд карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди мусалмонҳо дар пойтахти Русия зиёд аст ва масҷидҳои бунёдшуда барои намозгузории онҳо кофӣ нестанд.

Имрӯз нашрияи «Известия» навишт, ки шаҳрдории Маскав омодааст, ки барои бунёди масоҷид дар се минтақаи шаҳр – Бутовои ҷанубӣ, Люблино ва канори метрои «Шоссе энтузиастов» қитъаҳои замин ҷудо кунанд. Раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, раиси Идораи мусалмонҳои бахши аврупоии Русия Равил Ғайнуддин ба нашрия гуфтааст, дар ин қитъаҳо дигар биноҳои барои ҷамъияти мусалмонҳо зарурӣ ҳам сохта хоҳанд шуд. Ӯ афзудааст, ки дар Люблино аллакай донишгоҳи исломӣ фаъолият мекунад, дар минтақаи «Шоссе энтузиастов» маркази фарҳангии исломӣ бунёд мешавад.

Як мансабдори ҳукумати Маскав ин хабарро тайид карда гуфтааст, ки акнун ин мавзӯъ бо сокинони маҳаллӣ ва префектураҳои маҳаллӣ баррасӣ хоҳад шуд.

«Известия» навиштааст, ки айни ҳол дар Маскав шаш масҷид фаъолият мекунанд – Масҷиди ҷомеъ дар Простект Мира, Масҷиди таърихӣ дар дохили собиқ Слободаи тоторҳо дар он сӯи рудхонаи Маскав, масҷиди Боғи Ғалаба, масҷиди сунниҳо «Ярдям» ва масҷиди шиаҳо «Инъом» дар маҷмааи мазҳабии минтақаи Отрадное ва масҷиди шиаҳо дар сафорати Эрон дар Русия.

Ба гуфтаи Равил Ғайнуддин, дар Маскави дасти кам яку ним миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд ва бояд ҳаққи аққал барои ҳар 150 ҳазор мусалмон як масҷиде сохта шавад, ки дар он яку ним ҳазор нафар тавонанд намоз гузоранд.
XS
SM
MD
LG