Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Бишкек аз газу барқ маҳрум монданд


Даҳҳо ҳазор сокинони шаҳри Бишкек аз гази табиӣ маҳрум монданд. Ба болои ин, интиқоли нерӯи барқ ба бархе аз маҳаллаҳои пойтахти Қирғизистон қатъ гардид.

Хабаргузории русии РИА-Новости иттилоъ дод, ки интиқоли газро ба шаҳри Бишкек ширкати “Қазтрансгаз” маҳдуд кардааст. Масъулини ширкати қазоқӣ тасмими худро бо коҳиши интиқоли газ аз Ӯзбакистон ва камбуди ин маводи сӯхт дар ҷануби Қазоқистон марбут намуданд.

Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво дар Бишкек то 20 дараҷа сард аст.
XS
SM
MD
LG