Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

10 духтари афғон бар асари таркиш ҷон доданд


Мансабдорони маҳаллии афғон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки дар вилояти Нангарҳор бар асари таркиш камаш 10 духтар ба ҳалокат расидаанд.Раҳбари минтақаи Чапартҳари ин вилоят Муҳаммад Сиддиқ гуфтааст, ки таркиш замони ҳезумғундории духтарон ба вуқӯъ пайваст. Назар ба гузоришҳо духтарон аз 9 то 13 сола будаанд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст ва тахмини ибтидоӣ ин аст, ки маводи мунфаҷир тасодуфан ба ҳаракат дароварда шудааст.
Дар ҳамин ҳол полиси афғон мегӯяд, бар асари таркиш дар муҷтамаи як ширкати хусусӣ, воқеъ дар канораҳои Кобул камаш 1 нафар кушта ва 15 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи душанбе раиси полис Аюби Солангӣ ба хабарнигорон гуфт, ки маводи таркандаро дар дохили як мошин боркаш ҷой дода буданд. Таркиш дар роҳи Ҷалолобод дар назди макони зисти нерӯҳои хориҷӣ ба амал омадааст. Ба гуфти полис ин бино ба як ширкате марбут аст, ки бар пояи қарордоди низомӣ ифои вазифа мекунад.
XS
SM
MD
LG