Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мактаббачагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилаии Эйлер


Намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилаии Эйлер ба муваффақиятҳои даст ёфтанд. Абдуфаттоҳ Ҳотамов, мудири гимназияи «Ҳотамов ва ПВ» рӯзи 17-уми декабр ба "Озодӣ" гуфт, ки дар Олимпиадаи байнамилалии миёни мактабҳои кишварҳои ҷаҳон, ки «Бунёди Эйлер» аз фанни математика аз тариқи интернет баргузор кардааст, ҳудуди даҳ нафар хонандагони ин мактаб ширкат карданд.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов афзуд, ки як нафар талабаи синфи даҳум Ғолибҷон Эмомов барандаи Олимпиадаи Эйлер дониста шуд ва 9 нафари дигар низ ҷоизаҳои ин олимпиадаро ба даст оварданд.

Мудири ин гимназия меафзояд, ки тобистони ҳамин сол ҳамаи ин даҳ нафар хонандагони гимназия ба Мактаби байналмилаии Санкт Петербург ва дар моҳи август ба Испания даъват карда мешаванд, ки дар онҷо ҳам ба омӯзиш машғул шуда ва ҳам истироҳат хоҳанд кард. Дар олимпиадаи Эйлер ҳамчунин хонандагони мактабҳои Русия, Испания, ИМА, Исроил ва кишварҳои дигар низ ширкат намуда, баранда шудаанд.

Леонард Эйлер, яке аз донишмандони бузурги соҳаи математика буд, ки дар шаҳри Бзелеи Шветсария ба дунё омада, рисолаҳои нахустини илмии худро дар Русия ҳимоят кардааст. Леонард Эйлер академики Академияи улуми Русия ба шумор рафта ва барандаи даҳҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ дар илмӣ математика будааст.
XS
SM
MD
LG