Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаварон ба фурудгоҳи Пешовар ҷангиёни ҲИУ будаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бархе аз ҳамлаварон ба фурудгоҳи байналмилалии Пешовар, вобаста ба Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд.

Рӯзномаи англисизабони The New чопи Исломобод ба қавл аз мақомоти Покистон навиштааст, ки рӯзи якшанбе нерӯҳои амниятии ин кишвар панҷ тан аз ҷангиёнро, ки чаҳор тани онҳо узбак буда, дар ҳамла ба фурудгоҳи Пешовар даст доштанд, ба ҳалокат расониданд.

Пулиси Покистон мегӯяд, ки дар як даргирӣ дар шаҳри Пешовар 5 ситезаҷӯеро куштанд, ки ҳамроҳони онҳо рӯзе пеш бо ҳамла ба фурудгоҳи Пешовар чаҳор нафар ғайринизомиро кушта ва бештар аз 40 тани дигарро захмӣ карданд. Толибон масъулияти ин ҳамлаҳои маргталабона ва мушакӣ ба фурудгоҳи Пешоварро бар ӯҳда гирифта ва гуфтанд, ки 10 ҷангҷӯро ба онҷо фиристода буданд.

Пулиси Покистон субҳи шанбе 5 нафари онҳоро кушта ва субҳи якшанбе ба сохтмони нимасохтае дар назди фурудгоҳ юриш бурд, ки боқимондаи гурӯҳ онҷо пинҳон шуда будаанд. Имтиёз Алтоф, афсари пулиси Пешовар баъди хотимаи даргири чандсоата бо ҷангҷӯёни Толиб ба хабарнигорон гуфт:

"Дар онҷо 5 террорист буданд. Ҳамаашон кушта шуданд. Онҳо аз ҳамон гурӯҳе буданд, ки шаби гузашта ба фурудгоҳи Пешовар ҳамла карданд. Амалиёти мо аз шаби гузашта идома дошт. Аҳсан ба маъмурони пулис, чунки ситезаҷӯён то дандон мусаллаҳ буданд. Онҳо норинҷак, силоҳ ва камарбандҳои тарканда доштанд. Ду нафари онҳо бешак ба узбакҳо монанд ҳастанд. Вале шояд онҳо покистониҳои худамон ва ё хориҷӣ бошанд. Инро бояд таъйид кард."

Ба гуфтаи маъмурони пулиси Покистон, се ҷангҷӯро дар тирандозӣ куштанд ва се ду нафари дигар камарбандҳои таркандаи худро дохили бино ба ҳаракат даровардаанд. Як афсари пулиси Покистонро низ дар ин даргирӣ талаф додаанд. Ифтихор Ҳусейн, вазири иттилооти вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки авзоъ дар фурудгоҳи Пешовар ҳоло мӯътадил аст ва кор ба ҳолати маъмулӣ дар он идома дорад.

Ҳамлаи рӯзи шанбе ба фурудгоҳи Пешовар, ки пойгоҳе барои нерӯҳои ҳавоии Покистон низ ҳаст, мақомотро маҷбур кард, парвозу қабули ҳавопайморо дар ин ҷо қатъ намоянд. Ба гуфтаи маъмурони пулис, ҷангҷӯён мошини саршор аз маводи таркандаро ба девори берунии фурудгоҳ кӯбиданд ва мушак андохтанд, вале ба онҳо муяссар нашуд, ки девори фурудгоҳро рахна кунанд.

Шаҳри Пешовар ба манотиқи қабоилнишини Покистон наздик аст, ки дар он ҷойҳо Толибону аъзои Ал-Қоида паноҳ мебаранд. Чаҳор моҳ пеш аз ин тундравони Покистон ба пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шаҳри Кумра ҳамла карда буданд.
XS
SM
MD
LG