Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз мактаби қурбониёни тирандозӣ боздид кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба хонаводаҳо ва наздикони қурбониёни тирандозии мактаби Ниютавни Коннектикут “дуои хайр”-и мардуми Амрикоро расонд. Дар ин тирандозӣ 26 нафар кушта шуданд. 20 нафари кушташудагон кӯдакон мебошанд.

12 нафари қурбониён духтар ва 8 нафари онҳо писар буданд. Ҳамаи онҳо 6 ва 7 сол доштанд. 6 хонуми дигар кормандони мактаб буданд.

Обама рӯзи якшанбе дар маросими поси хотираи қурбониён дар Ниютавни Коннектикут суханронӣ ва шахсан бо хонаводаҳои қурбониён мулоқот кард.

Обама ин кушторро намунаи бадбахтӣ унвон кард ва гуфт, Амрико бояд фарҳанги хушунат бо аслиҳаро тағир диҳад.

Пулис тассдиқ кард, ки ин ҳамларо Адам Ланзаи 20 сола анҷом додааст. Ба гуфтаи пулис, Адам бо ду силоҳи дастӣ мусаллаҳ будааст. Пулис ҳамчунин гуфтааст, ки Адам қабл аз тирандозӣ дар мактаб ва куштори кӯдакон модарашро куштааст. Вай баъд аз куштори мактаб худро низ ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG