Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз мактаби қурбониёни тирандозӣ боздид мекунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз мактабе, ки дар он рӯзи ҷумъа дар натиҷаи як тирандозӣ 26 нафар кушта шуданд, боздид мекунад. 20 нафари кушташудагон кӯдакон мебошанд.

Обама дар маросими поси хотираи қурбониён дар Ниютавни Коннектикут ширкат ва бо хонаводаҳои қурбониён мулоқот мекунад.

12 нафари қурбониён духтар ва 8 нафари онҳо писар буданд. Ҳамаи онҳо 6 ва 7 сола буданд. 6 хонуми дигар кормандони мактаб буданд.

Қотили эҳтимолӣ Адам Ланзаи 20 сола қабл аз куштор дар мактаб модараш Нанси Ланзаро ҳадафи тир қарор додааст. Баъд аз куштори мактаб вай худро низ ба қатл расондааст.

Бо назардошти чунин кушторҳо Обама хоҳад хост, ки бо худ доштани аслиҳа мамнуъ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG