Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Миср роҷеъ ба райпурсӣ


Райпурсӣ дар Миср
Райпурсӣ дар Миср
Рӯзи якшанбе 8 гурӯҳи ҳуқуқи башари Миср тақозо карданд, ки даври аввали райпурсӣ барои Қонуни асосии ин кишвар такроран баргузор шавад, зеро дар ин райпурсӣ ба таври густарда ба нақзи қонун роҳ додаанд.

Аммо ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои ин кишвар мегӯянд, аксари ононе, ки барои пешнависи ин қонуни зидду нақиз райд додаанд, яъне қариб 57 дарсади райдиҳандагон аз пешнависи Қонуни Асосӣ ҷонибдорӣ кардаанд.

Пажуҳишгоҳи мутолеоти ҳуқуқи башар дар Қоҳира яке аз ин 8 гурӯҳи норозист ва мегӯяд, нозирони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳангоми шумориши оро ба ҳавзаҳои райдиҳӣ роҳ надоданд, дар ҳоле, ки намояндагони Ҳизби Озодиву Адолати ҷонибдори Муҳаммад Мурсӣ дар шумориши оро ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG