Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек аз таъмини газ маҳрум шудааст


Даҳҳо ҳазор нафар сокинони шаҳри Бишкек-пойтахти Қирғизистон аз таъмини газ маҳрум шудаанд. Сокинони бахше аз қисматҳои шаҳр нируи барқ низ надоранд.

Хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки ширкати "КазТрансГаз" интиқоли газ ба Қирғизистонро маҳдуд кардааст ва смабаб ин будааст, ки Узбакистон интиқоли газ ба ҷануби Қазоқистонро маҳдуд кардааст. Ҳоло Қазоқистон гази худро ба сокинони худ дар ҷануби Қазоқистон интиқол медиҳад.

Бино ба хабарҳо, сардии ҳаво дар Бишкек то 20 дараҷа зери сифр мерасад.
XS
SM
MD
LG