Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шараъа: Ҳеҷ як аз тарафҳои даргири Сурия пируз нахоҳанд шуд


Форуқ Шараъа-муовини раиси ҷумҳури Сурия дар мусоҳибае бо як рӯзномаи Лубнон гуфтааст, дар даргириҳои Сурия на нируҳои Башор Асад-раиси ҷумҳур ва на нируҳои мухолифон бар якдигар наметавонанд пируз шаванд.

Шараъа ба рӯзномаи “Ал Ахбор”, ки ҷонибдори режими Димишқ аст, мегӯяд, ки вазъ дар Сурия аз ҳолати бад ба бадтарин табдил ёфтааст. Ба гуфтаи вай, бояд ҳукумати муросои миллӣ ташкил шавад ва он ба ин муноқишаҳо хотима бахшад.

Шараъа 74 сол дорад ва даҳҳо сол барои режими кунунии Сурия хидмат кардааст. Вай дар солҳои раҳбарии Ҳофиз Асад-раиси ҷумҳури пешин ва падари Башор Асад низ дар ҳамин мақом будааст.

Вале аз оғози нооромиҳо дар Сурия дар моҳи марти соли гузашта то ҳол фақат чанд бор худро нишон додааст.

Аҳмад Довутоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия пешниҳод кардааст, ки Шараъа метавонад раҳбарии ҳукумати давраи гузорро бар душ бигирад.
XS
SM
MD
LG