Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти сахти Ҳизби Демократи Ҷопон дар интихобот


Ёшиҳико Нода, нахуствазири Ҷопон, рӯзи якшанбе шикасти ҳизбаш дар интихоботи порлумониро эътироф кард ва гуфт, ки аз мақоми раиси Ҳизби Демократ истеъфо медиҳад. Назархоҳиҳо аз интихоботи нишон додааст, ки муҳофизакорони Ҳизби Либерал Демократи Ҷопон аз 480 курсии порлумон тақрибан ба 310 курсӣ соҳиб шудаанд. Ҳизби Либерал Демократ, ки даҳсолаҳо Ҷопонро раҳбарӣ мекард, соли 2009 дар интихобот шикаст хӯрд. Зоҳиран кунди рушди иқтисодӣ ва амалкардҳои ҳукумати Ёшиҳико Нода дар рафъи оқибатҳои фалокати нерӯгоҳи атомии Фукушима сабаби шикасти сахти Ҳизби Демократи Ҷопон шудааст. Шинзо Абе, раиси Ҳизби Либерал Демократ, ки нахуствазири ояндаи Ҷопон хоҳад шуд, қавл додааст, ки ҷазираҳои ҷанҷолӣ дар Баҳри Чини Шарқӣ аз они кишвараш хоҳад шуд. Чину Ҷопон бар сари ин ҷазираҳо баҳсу даъво доранд.
XS
SM
MD
LG