Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 15-уми декабр дар “Кохи Борбад”-и пойтахт маросими супурдани ҷоизаҳои "Ҷило-2012" баргузор шуд.

Ин ҷоиза ба намояндагони бахшҳои синамо, театр, мусиқӣ, радио ва телевизион дода шуд. Ҷонибек Муродов ва Парвин Юсуфӣ ба унвони беҳтарин овозхонҳои
соли 2012 бо ҷоизаи «Ҷило 2012» қадрдонӣ шуданд.

Ҳабиба Даминзода, муаллифи ин тарҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барандагони ин ҷоизаро худи мардум, бо раъйдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз тариқи SMS интихоб мекунанд: “Дар равияи мусиқии муосир сарояндагон Ҷонибек Муродова аз ҳисоби мардон ва Парвин Юсуфӣ аз бонувон сарояндагони беҳтарини сол интихоб шуданд. Ҳамчунин суруди Нигина Амонқулова “Рафти...” ва “Дили девона”-и Шаҳроми Абубакр ва репсаро Баха- 84 таронаҳои маъруф ё хити соли 2012 эътироф ва соҳиби ҷоизаи “Ҷило-2012” шуданд.”

Дар ин миён, соҳиби ҷоиза шудани Баха-84--репсарои тоҷик ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, зеро дар телевизион ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон ин навъи овозхонӣ зиёд танқид мешавад. Ба гуфтаи хонум Даминзода, ҷоизаи “Ҷило” ба сарояндагон, ҳунармандон ва журналистон дар маҷмӯъ аз рӯи 15 номгӯй тақдим карда шуд. Барзу Абдуразоқов ҳунарманди тоҷик ба унвони беҳтарин ҳунарманди сол ва Зевар Давлатова, раиси телевизиони давлатии “Баҳористон” беҳтарин журналисти телевизион соҳиби ҷоизаи “Ҷило-2012” гардиданд.

Созмондиҳандагони ҷоизаи “Ҷило-2012” онро як навъ муодили озмуни мусиқии “Суруди сол” медонанд, ки ба далели гуфтугузорҳо мабни ба ношаффоф буданаш ду соли охир баргузор намегардад. Лоиҳаи озмуни суруди сол шурӯъ аз соли 2003 аз сӯи радиои ғайридавлатии «Азия плюс» дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ва аз сӯи тамошобини тоҷик чун беҳтарин чорабинии миллии мусиқӣ эътироф гардид буд, вале аз соли 2007-ум бад ин сӯ масъулияти баргузории «Суруди сол»-ро Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон бар ӯҳда гирифта буд. Ҳарчанд созмондиҳандагони ин ҷоиза қаблан гуфта буданд, ки он ба фарқ аз “Суруди сол” шаффоф ва муваффақ хоҳад буд, аммо коршиносон ба шаффофияти он шак оварданд.

Аммо Кирил Камбаров, ровии барномаҳои мусиқиву тафреҳии радиои мустақили “Азия плюс” мегӯяд, ҷараёни пешбарӣ ва интихоби беҳтарин сарояндагону ҳунармандон ба ҷоизаи “Ҷило-2012” пӯшида ва мармуз баргузор гашт: “ авалан бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб кардани сарояндагон ва таронаҳои беҳтарин ғайриобъективӣ аст. Чунки маълум нест, кӣ ин ҳунармандонро пешбарӣ кардааст, овозҳо чи гуна шумурда шуданд? Дар кишварҳои хориҷӣ одатан сарояндаҳо ва овозхонҳои солро расонаҳои сирф мусиқавӣ ва тафреҳӣ бо иштироки ҳакамони ҳирфавӣ маълум мекунанд, ки кадом сароянда дар ҳамин сол ба ягон дастоварди бузург ноил гаштааст.”

Ҷоизаи фахрии ҷумҳуриявӣ барои саҳми бориз дар рушди фарҳанг “Ҷило- 2012”, аз сӯи вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва телевизиони “Сафина” таъсис дода шудааст ва мукофоти молӣ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG