Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асадулло Холидро барои табобат ба Амрико фиристоданд


Асадулло Холид, раҳбари Раёсати амнияти милии Афғонистон.
Асадулло Холид, раҳбари Раёсати амнияти милии Афғонистон.

Асадулло Холид, раиси Раёсати Амнияти Миллии Афғонистонро барои табобат ба яке аз бемористонҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фиристодаанд.

Аҳмадзиё Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, Асадулло Холид, ки рӯзи ҷумъа ба Амрико интиқол дода шуд, ҳоло дар яке аз бемористонҳои онҷо бистарист. Аммо ӯ нагуфт, ки раиси Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон дар кадом шифохона табобат мегирад.

Асадулло Холид тақрибан ду ҳафта пеш бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ маҷрӯҳ шуд. Дар он рӯз, як маргталаб бомберо ки бо худ дошт, дар яке аз меҳмонхонаҳои Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон ҳангоми дидор бо Асадулло Холид мунфаҷир кард. Масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд ва сипас Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ин ҳамла дар шаҳри Кветтаи Покистон тарҳрезӣ шудааст. Ҳомиди Карзай, санаду далелҳои мавҷуд дар ин заминаро дар ихтиёри ҳамтои покистониаш Осиф Алӣ Зардорӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи Аҳмадзиё Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, Осиф Алӣ Зардорӣ аҳд додааст, ки ин қазияро бо ҷиддият пайгирӣ хоҳад кард:
«Асноду шавоҳиде, ки дар ин замина вуҷуд дошт, раиси ҷумҳури Афғонистон дар сафаре, ки ба Анкара, пойтахти Туркия доштанд ба Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон таҳвил дод ва аз ӯ хостанд, то ин мавзӯъро бо ҷиддият баррасӣ ва пайгирӣ бикунанд. Раиси ҷумҳури Покистон ҳам тааҳҳуд супурд, ба маҳзи ин ки ба Покистон расид, қазияро баррасӣ хоҳад кард ва натоиҷи онро ба Афғонистон хоҳад дод.»

Ҳукумати Афғонистон то ҳанӯз кадом гурӯҳи мушаххасро дар даст доштан ба ҳамла ба раиси Раёсати Амнияти Милли Афғонистон муттаҳам накардааст. Мақомоти афғон гуфтаанд, таҳқиқоти ҷорӣ дар ин маврид нишон хоҳад дод, киҳо ин ҳамларо дар шаҳри Кветтаи Покистон тарҳрезӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Салоҳуддини Раббонӣ, раиси Шӯрои Оли Сулҳи Афғонистон, аз ҳукумати ин кишвар ба хотири ончӣ ки «нокомӣ дар таҳқиқи қазияи қатли падараш» хонд, интиқод кард. Устод Бурҳониддин Раббонӣ, падари Салоҳуддин ва раиси пешини Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, моҳи сентябри порсол аз сӯи як маргталаб, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ карда буд, кушта шуд. Давлати Покистон баъдан эълом кард, ки ин ҳамларо як покистонӣ аз шаҳри Чамани он кишвар анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG