Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Лавров ба Узбакистон сафар мекунад


Интизор меравад, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, фардо 17 декабр ба Ӯзбакистон сафар карда ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтӯгу кунад. Вазорати умури хориҷии Русия дар торнамои худ хабар додааст, ки Сергей Лавров бо ҳамтои узбаки худ Абдулазиз Комилов, ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ мекунанд ва ҳам дар бораи масоили муҳими байналмилалӣ аз ҷумла таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва муқобила бо таҳдидҳои нав дар минтақа табодули назар хоҳанд кард. Қарор аст, Сергей Лавров ҳамчунин бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон мулоқот кунад. Русия мизбони бештар аз 3 миллион муҳоҷири корӣ аз Ӯзбакистон буда ва бузургтарин шарики тиҷоратии ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG