Пайвандҳои дастрасӣ

Исломгароёни Миср натиҷаҳои раъйпурсиро эълом карданд


Ҳампаймонҳои исломгарои Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср мегӯянд, ки дар даври аввали раъйпурсии умумӣ дар бораи тарҳи Қонуни Асосӣ, аз нисф бештари мардум ба тарафдории қабули ин тарҳ раъй додаанд. Созмони исломгарои Ихвон-ул-Муслимин, ки Мурсиро ба қудрат расонд, рӯзи якшанбе эълом кард, ки бар асоси натиҷаҳо, 57 дар сади раъйдиҳандагон тарафдори он будаанд, ки тарҳи Қонуни Асосӣ тасвиб шавад. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ва исломгароёни тарафдори ӯ мегӯянд, ин санад Мисрро ба демократия наздиктар хоҳад кард, вале ба гуфтаи мухолифони давлат, тарҳи мазкур шитобкорона аз тарафи исломгароён таҳия шудааст ва ҳуқуқи баробарро барои ҳама кафолат надодааст. Раъйдиҳӣ барои тарҳи Қонуни Асосӣ ба думболи тазоҳуроти густурда ва муноқишаҳои алоҳида байни тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ сурат гирифт. Даври дуввуми раъйдиҳӣ ҳафтаи оянда рӯзи шанбе баргузор мешавад ва натиҷаҳои расмӣ танҳо баъди он эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG