Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ниҳоди наве барои мудирияти Сурия


Мухолифони давлати Сурия як ниҳодеро таъсис додаанд, ки дар сурати суқути раиси ҷумҳур Башор Асад, идораи давлатро ба даст бигирад. Ин ниҳоди иҷроияи ҳафтнафарӣ ба раҳбари Риёз Ҳиҷоб, нахуствазири собиқи Сурия ҳоло Эътилофи Мухолифони Сурияро мудирият хоҳад кард, ки онро 114 кишвари дунё ба ҳайси намояндаи қонунии мардуми Сурия расман эътироф кардаанд. Ҳамин ҳафта дар нишасти гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Сурия” дар Марокаш, Амрико ва 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аз Эътилофи Мухолифони Давлати Сурия ҳимоят карданд. Бо онки ҷангҳо дар шаҳри Димишқ ва начандон дур аз кохи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шиддат мегиранд ва шӯришиёни манотиқи ҳарчӣ бештари кишварро ишғол мекунанд, Муоз–ал-Хатиб, пешвои мухолифон гуфтааст, ҳанӯз ҳам омодаанд, барои таслими қудрат бо Башор Асад музокира кунанд.
XS
SM
MD
LG