Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср шумориши орои раъйпурсӣ идома дорад


Дар Миср шумориши натиҷаҳои даври аввали раъйпурсӣ дар бораи тарҳи Қонуни Асосӣ идома дорад, ки мардуми ин кишварро ба ду ҷабҳа тақсим кардааст. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ва исломгароёни тарафдори ӯ мегӯянд, ин санад Мисрро ба демократия наздиктар хоҳад кард, вале ба гуфтаи мухолифони давлат, тарҳи мазкур шитобкорона аз тарафи исломгароён таҳия шудааст ва ҳуқуқи баробарро барои ҳама кафолат надодааст. Тарҳи Қонуни Асосӣ ва як дастури Муҳаммад Мурсӣ, ки ӯро аз қонун боло гузашт, бӯҳрони сиёсиеро дар Миср барангехт, аз замони суқути Ҳуснӣ Муборак дар ду соли пеш мушоҳида нашудааст. Бино ба гузоришҳо дар даври аввали раъйпурсӣ, теъдоди зиёди мардум ширкат кардаанд, агарчӣ ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ раъйдиҳӣ олуда ба тақаллауб будааст. Ба гуфтаи расонаҳои Миср, аксарияти мардум ба тарафдории қабули тарҳ раъй додаанд. Даври дуввуми раъйдиҳӣ ҳафтаи оянда рӯзи шанбе баргузор мешавад ва натиҷаҳои расмӣ танҳо баъди он эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG