Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) ба Ҷоми Иттиҳод-2013 омодагӣ мебинад.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Белорус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, инчунин мураббиён Салоҳиддин Ғафуров, Нуъмон Юсуфов ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббии дарвозабонҳо) дар шаҳри Норак то 30-юми декабр идома хоҳад кард.

Ба дастаи мунтахаб 26 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Муъминчон Гадойбоев («Хуҷанд»), Муродулло Саидов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»), нимҳимоятгарон - Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода (ҳарду - ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»), Ҷаҳонгир Эргашев, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2013:

Гурӯҳи А: Белорус, Латвия, Эстония, Тоҷикистон.
Гурӯҳи В: Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон.
Гурӯҳи С: Украина, Литва, Молдавия, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 12:00. Гурӯҳи A. Белорус – Латвия
2) 14:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон
3) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон
19:30. Маросими ифтитоҳи мусобиқа
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Белорус
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Белорус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. № 4 рейтинг - № 5 рейтинг
20) 14:15. 1/4 финал. № 2 рейтинг - № 7 рейтинг
21) 16:30. 1/4 финал. № 3 рейтинг - № 6 рейтинг
22) 19:00. 1/4 финал. № 1 рейтинг - № 8 рейтинг

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4-ум дар гурӯҳи A – ҷойи 4-ум дар гурӯҳи C
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4 -ум дар гурӯҳи B – дастаи пасти ҷойи севум

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #19 – Мағлуби #20
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #21 – Мағлуби #22
27) 16:30. Нимфинал. Ғолиби #19 – Ғолиби #20
28) 19:00. Нимфинал. Ғолиби #21 – Ғолиби #22

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Мағлуби #23 – Мағлуби #24
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Ғолиби #23 – Ғолиби #24

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум. Мағлуби #25 – Мағлуби #26
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Ғолиби #25 – Ғолиби #26
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Мағлуби #27 – Мағлуби #28
34) 19:00. Финал. Ғолиби #27 – Ғолиби #28
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG