Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо мухолифони давлат дар Русия


Пулиси Русия даҳҳо нафар тазоҳургарони мухолифини давлат ва чанде аз пешвоёни онҳоро дар маркази шаҳри Маскав боздошт карда ва ба тадриҷ тазоҳургаронро аз онҷо рондааст. Тазоҳургарон дар назди қароргоҳи ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи пулис, дар тазоҳуроти Маскав 40 нафар ва дар Санкт Петербург 26 нафарро дастгир кардааст. Сергей Удалтсов, Алексей Навалний, Иля Яшин ва Ксения Собчак аз пешвоёни мухолифинро низ дастгир ва дертар раҳо карданд. Ба гуфтаи пулиси Русия, дар тазоҳуроти Маскав тақрибан 700 нафар ҷамъ омадаанд, вале ба гуфтаи манобеъи мустақил теъдоди онҳо ба 2 ҳазор нафар мерасид. Тазоҳуроти шабеҳ алайҳи ҳукумати Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар Екатеринбург, Самара, Перм ва дигар шаҳрҳои ин кишвар сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG