Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи ҳамдардии Раҳмон ба мардуми Амрико


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба марги 26 нафар дар тирандозӣ дар як мактаби ибтидоӣ, изҳори ҳамдардӣ ва тассалият кардааст.Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, ки хабари ба ҳалокат расидани кӯдакон дар мактаби Сенди Ҳук дар аёлати Коннектикутро бо андӯҳи зиёде дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳодиса бори дигар собит мекунад, ки аҳли башар бояд дасти ҳамро гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон муборизаи беамон барад. Дар поёни нома, ки дар торнамои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр шудааст, чунин гуфта мешавад: “Бо изҳори тасаллият ва таъзияи амиқ хоҳишмандам самимонатарин эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамраъйии мардуми Тоҷикистон, ҳукумати кишварро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед.”
XS
SM
MD
LG