Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо тазоҳургар дар шаҳри Маскав


Пулис дар маркази шаҳри Маскав ба боздошти онҳое шурӯъ кардааст, ки барои тазоҳурот дар назди қароргоҳи ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ҷамъ омадаанд. Ин афрод дар даст шиорҳои сиёсӣ дошта ва алайҳи раиси ҷумҳур Владимир Путин шиор медоданд. Мухолифони давлат дар Русия аз ҳаводорони худ хоста буданд, ки барои тазоҳурот дар маркази шаҳри Маскав ҷамъ биёянд, агарчӣ мақомот ба онҳо иҷозаи гирдиҳамоӣ надодаанд. Маъмурони пулиси Русия аз ин пештар, Сергей Удалтсов, Ксения Собчак, Алексей Навалний ва Иля Яшин пешвоёни мухолифи давлатро боздошт карда ва қасд доранд, онҳоро ба ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муттаҳам кунанд. Дар шаҳри Санкт Петербург ҳам 26 нафарро ҳангоми раҳпаймоии қонунӣ дастгир кардаанд. Бо вуҷуди сармои қаҳратун дар шаҳрҳои Екатеринбург, Самара, Перм низ тазоҳуроти осоишта баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG