Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев мегӯяд, ҳиҷобпӯшӣ хоси қазоқҳо нест


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, “пӯшидани ҳиҷоб барои занони қазоқ хос нест ва ин роҳест, ки ба асрҳои миёна мебарад. “ Ӯ дар як паёмаш ба мардуми Қазоқистон рӯзи ҷумъа гуфт, агарчӣ қазоқҳо мусулмону суннӣ ҳастанд ва ин роҳро аҷдодонашон пеш гирифтаанд, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ рӯи духтароно намепӯшиданд. Аз ин рӯ ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, “насли ҳозира бо риояти фармудаҳои ислом, ҳамчунин бояд ба арзишҳои аҷдодии худ эҳтиром бигзорад.”
XS
SM
MD
LG