Пайвандҳои дастрасӣ

Се пешвои мухолифони Русияро дастгир карданд


Се тан аз пешвоёни мухолифони давлат дар Русияро имрӯз дар Маскавбоздошт кардаанд. Сергей Удалтсов, Ксения Собчак ва Иля Яшин вақте аз тарафи маъмурони амниятӣ дастгир шуданд, ки мехостанд, дар назди санги ёдбуди қурбониёни замони репрессияи шӯравии собиқ гул гузоранд. Алексей Навалнений ва Борис Немтсов ду раҳбари дигари мухолифони Русия низ дар ҳамин маҳал будаанд. Мухолифони давлати Русия аз тарафдорони худ хоста буданд, ки рӯзи 15 декабр алайҳи ҳукумати Владимир Путин тазоҳурот кунанд, агарчӣ мақомот ба онҳо иҷозаи раҳпаймоиро надоданд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 2 ҳазор нафар дар майдони Любянка дар баробари бинои ФСБ, Хадамоти Федералии Амнияти Русия гирд омадаанд. Дар шаҳри Санкт Петербург ҳам тазоҳуроти шабеҳе пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG